Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба Алмаато рафт

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо мақсади иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Алмаато сафар намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаи омодагӣ ба нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви созмон ба муносибати […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо мақсади иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Алмаато сафар намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаи омодагӣ ба нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви созмон ба муносибати 10-солагии таъсисёбии он, ки дар таърихи 15-уми июн дар шаҳри Остона баргузор мешавад, баррасӣ мешавад. «Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмон ҳамчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ба рӯзномаи нишаст пешбинишударо низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки санади асосии он – Изҳороти 10-солагии СҲШ дар Остона хоҳад буд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар изҳороти мазкур фаъолияти созмон дар тӯли 10 соли сипаришуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, муносибати он ба вазъ ва масоили муҳими байнулмилалӣ ва нақшаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ таҷассум меёбанд.

Ёдрас мекунем, ки Созмони ҳамкории Шанхай 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфта, давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.