Рӯзи Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзи якшанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави  миллӣ доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матуботии раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи […]

Азия-Плюс

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзи якшанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави  миллӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матуботии раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи дави миллӣ чораҳои зарурӣ андешанд. «Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёнро таъмин намуда, ҳамзамон тавассути эълони қаблӣ ҳаракати нақлиётро дар самтҳои муайянгардида аз соати 8:00 то соати 10:00 манъ месозанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар чорабинии мазкур ҳамаи сокинон ва мехмонони пойтахт метавонанд ширкат биварзанд.

Ёдрас мекунем, ки бо супориши сарвари давлат, баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.