Дар Тоҷикистон арзиши сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо боло меравад

Date:

Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ» (ШТС) ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро огоҳ сохт, ки шурӯъ аз 10-уми июн арзиши сӯзишвории ҳавопаймоҳо барои 1 тонна аз 1 ҳазору 660 то 1 ҳазору 700 доллари ИМА боло меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ширкати мазкур Муҳаббатшо Абдулхаев хабар дод, захираҳои сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, ки моҳҳои марту апрели соли равон ворид шуда буданд, то аввали мохи июн кифоя аст ва бо воридоти миқдори нави сӯзишворӣ аз Русия арзиши он боло хоҳад рафт, зеро 90%-и ин навъи сӯзишворӣ маҳз аз Русия ворид гардида, таври маълум ин кишвар боҷҳои содиротии гумрукиро афзудааст, ки иллати аслии болоравии арзиш низ ба он асос меёбад.

Дар ҳамин ҳол, аз ҶСК «Тоҷик Эйр» ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала хабар доданд, ки онҳо ҳанӯз аввалҳои моҳи май дар ин хусус ооҳонида шуда, иқтисодчиёни ширкат айни замон ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаанд, вале то ҳанӯз масъалаи болоравии тарофаҳои чиптаҳои ҳавопаймо ба миён гузошта нашудааст. «Мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки тарофаҳо ба чиптахои ҳавопаймоҳоро зиёд накунем, вале он ба вазъи бозор вобаста аст, зеро мо низ бо зарар барои худ фаъолият карда наметавонем», – гуфтанд дар ширкати мазкур.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...