Коҳиши шумори квотаҳои президентӣ барои вилояти Суғд

Душанбе. 23-юми май. Азия-Плюс — Барои вилояти Суғд дар соли хониши 2011-2012 ба миқдори 292 ҷой квотаҳои президентӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҷой камтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи илм, макотиби олӣ ва макотиби таҳсилоти умумии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, квотаҳои президентиро хатмкунандагони 17 шаҳру навоҳии вилоят […]

Бахтиёр Валиев

Душанбе. 23-юми май. Азия-Плюс — Барои вилояти Суғд дар соли хониши 2011-2012 ба миқдори 292 ҷой квотаҳои президентӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҷой камтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи илм, макотиби олӣ ва макотиби таҳсилоти умумии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, квотаҳои президентиро хатмкунандагони 17 шаҳру навоҳии вилоят соҳиб гардида, аз 292 ҷой 150-тоаш барои духтарон пешбинӣ шудааст ва онҳо дар факултаҳои муҳандисӣ, омӯзгорӣ, филологӣ, молиявӣ, кишоварзӣ, варзишӣ ва санъати 14 мактаби олии шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. «Қисми зиёди соҳибони квота – 102 нафар духтарон ва 88 нафар ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва боз 29 нафари дигар дар донишкадаи тиббӣ таҳсил хоҳанд кард», – гуфтанд дар шӯъбаи ҳукумати вилоят.

Ба иттилои сарчашма, ноҳияҳои Ғончӣ, Ашт, Спитамен, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин Исфараву Истаравшан аз ҳама бештар соҳиби квота гардида, шаҳри Хуҷанд ба гирифтани квота ҳуқуқ надорад. «Толибилмони ба квота арзанда нахуст дар мактабҳо муайян гардида, сипас рӯйхати онҳо ба баррасии комиссияҳои шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва пас аз он ба ҳукумати вилоят пешниҳод мегардад», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки озмун барои духтарон се довталаб барои як ҷойро ташкил дода, барои ҷавонон шумори довталабон номаҳдуд аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.