Дар Тоҷикистон арзиши сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо боло меравад

Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ» (ШТС) ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро огоҳ сохт, ки шурӯъ аз 10-уми июн арзиши сӯзишвории ҳавопаймоҳо барои 1 тонна аз 1 ҳазору 660 то 1 ҳазору 700 доллари ИМА боло меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ширкати мазкур Муҳаббатшо Абдулхаев хабар дод, захираҳои сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, […]

Заррина Эргашева

Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ» (ШТС) ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро огоҳ сохт, ки шурӯъ аз 10-уми июн арзиши сӯзишвории ҳавопаймоҳо барои 1 тонна аз 1 ҳазору 660 то 1 ҳазору 700 доллари ИМА боло меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ширкати мазкур Муҳаббатшо Абдулхаев хабар дод, захираҳои сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, ки моҳҳои марту апрели соли равон ворид шуда буданд, то аввали мохи июн кифоя аст ва бо воридоти миқдори нави сӯзишворӣ аз Русия арзиши он боло хоҳад рафт, зеро 90%-и ин навъи сӯзишворӣ маҳз аз Русия ворид гардида, таври маълум ин кишвар боҷҳои содиротии гумрукиро афзудааст, ки иллати аслии болоравии арзиш низ ба он асос меёбад.

Дар ҳамин ҳол, аз ҶСК «Тоҷик Эйр» ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала хабар доданд, ки онҳо ҳанӯз аввалҳои моҳи май дар ин хусус ооҳонида шуда, иқтисодчиёни ширкат айни замон ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаанд, вале то ҳанӯз масъалаи болоравии тарофаҳои чиптаҳои ҳавопаймо ба миён гузошта нашудааст. «Мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки тарофаҳо ба чиптахои ҳавопаймоҳоро зиёд накунем, вале он ба вазъи бозор вобаста аст, зеро мо низ бо зарар барои худ фаъолият карда наметавонем», – гуфтанд дар ширкати мазкур.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.