Баррасии масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид

 Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид  Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид   баррасӣ шуд.  Таваҷҷўҳи зиёд ба дастгирии рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути мусоидат ба […]

Азия-Плюс

 Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид  Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид   баррасӣ шуд.

 Таваҷҷўҳи зиёд ба дастгирии рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола зоҳир карда шуд.

 Зикр гардид, ки Дафтари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави Тоҷикистон, ғайр аз   пойтахти кишвар, боз панҷ намояндагии минтақавӣ дорад ва яке аз калонтарин дафтарҳои созмон дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

 Аз пешоҳангии Тоҷикистон ва ибратбахшии фаъолияти он дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон гардид, ки дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муяссар гардид, ки сатҳи камбизоатии аҳолиро аз 72,4 фоизи соли 2003 то ба 45 фоиз дар соли 2010 коҳиш диҳад.

 Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шудани соли 2013 идомаи мантиқии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба оби тоза номида шуд.

 Таъкид гардид, ки таъмини дастрасии ҳар як инсон ба нерўи барқ ҳам омили калидии пешравӣ дар расидан ба  Ҳадафҳои Рушди Ҳазарсола мебошад.

 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба роҳҳои бартарафсозии мушкилоти рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба таҳкими амнияту субот гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.