ИМА кӯмаки худро ба Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои мубориза бо маводи мухаддир идома хоҳад дод

Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии мазкур Рустам Назаров бо директори дафтари Департаменти давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар Аврупо, Авруосиё ва барномаҳои осиёӣ Дэвид Костеланчик ва ҳамроҳонӣ ӯ доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии мазкур Рустам Назаров бо директори дафтари Департаменти давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар Аврупо, Авруосиё ва барномаҳои осиёӣ Дэвид Костеланчик ва ҳамроҳонӣ ӯ доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН иттилоъ доданд, ба ҳайати ИМА дар хусуси чораҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, вазъи мубориза бо муомилоти ғариқонунии он дар Тоҷикистон, Афғонистон ва дар минтақа ва ҳамчунин ташкили ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла DEA-и ИМА маълумоти муфассал дода шуд.

Ба иттилои сарчашма, директори АНМН зикр намудааст, ки сарфи назар аз тӯлонӣ (беш аз 1300 км) будани масофаи марз бо Афғонистон, Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. «Тамоми маводи нашъаовари дар Тоҷикистон мусодирамешуда (героин, афюн ва каннабис) дар Афғонистон истеҳсол гардида, ҳаҷми асосии он тавассути рӯдхонаи марзии Панҷ интиқол дода мешавад», – гуфтааст ӯ.

Дар навбати худ, Дэвид Костеланчик фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минбаъд низ кӯмакҳои худро ба Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳа ва барномаҳои мубориза бо маводи мухаддир идома хоҳад дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.