Дар поягоҳи баландтарини дунё парчами Тоҷикистон барафрохта шуд

Date:

Душанбе, 24-уми май. «Азия-Плюс» — Имрӯз сокинони пойтахт шоҳиди он гаштанд, ки чи гуна дар поягоҳи баландтарини дунё – сутуни 165 метра дар паҳлӯи чапи «Кохи Миллат» парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти салоҳиятдор иттилоъ доданд, ин амали санҷишии бардоштани поягоҳ буда, маросими расмии ифтитоҳи он баъди омода гардидани тамоми зербинои атрофи он баргузор хоҳад шуд.

Паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.

Ба насбу ҷобаҷогузории сутун мутахассисони ширкати банулмилалии «Trident Support» машғуланд, ки дар ин соҳа дар ҷаҳон ягона ширкати эътирофшудаанд. Ҳамчунин дар корҳои сохтмони поягоҳ корхонаҳои ватании «Алюминсохтмон» ва КВД «Талко» низ ҷалб шуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки 11-уми ноябри соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид сохтанд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҳамчуни Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин таклифро ҷиҳати баррасӣ ба парлумон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод сохта буд. Бори нахуст 24-уми ноябри соли 1992 парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Шӯрои Олии ҶТ тасдиқ гардид.

Қобили зикр аст моҳи октябри соли 2010 сохтмони поягоҳи Нишони Тоҷикистон оғоз гардид. Нишони панҷметра дар поягоҳи 45 метра дар паҳлӯи рости «Кохи миллат» қомат хоҳад афрохт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...