Тайи даҳ соли ахир аҳолии Тоҷикистон ба миқдори 23% афзуд

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Бино ба маълумоти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ба санаи 21-уми сентябри соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил додааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ Зебо Исмоилова иттилоъ дод, айни замон дар вилояти Хатлон ба таври доимӣ […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Бино ба маълумоти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ба санаи 21-уми сентябри соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ Зебо Исмоилова иттилоъ дод, айни замон дар вилояти Хатлон ба таври доимӣ 2 млн. 676 ҳазор, вилояти Суғд – 2 млн. 237 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ – 1 млн. 722 ҳазор, ВМКБ – 206 ҳазор ва шаҳри Душанбе – 562 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Зебо Исмоилова зикр намуд, ки нисбат ба маълумоти барӯйхатгирии аҳолии соли 2000-ум шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба миқдори 1 млн. 438 ҳазор нафар ё худ 23% афзудааст. «Дар ин давра шумори аҳолии доимии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ ба андозаи 29% (мутаносибан ба миқдори 162 ва 385 ҳазор нафар), вилояти Хатлон – 24% (526 ҳазор нафар) ва вилояти Суғд – 19% (365 ҳазор нафар) афзуда, шумори аҳолии ВМКБ ба миқдори 0,07% коҳиш ёфтааст.

Сарфи назар аз хурӯҷи аҳолии шаҳр ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2000-ум, соли 2010 аҳолии шаҳр ба миқдори 379 ҳазор нафар ё худ 23,3% ва аҳолии деҳот ба миқдори 1059 ҳазор ё худ 23,5% бештар гардидааст.

Раванди шаҳрнишинӣ, ки то соли 200-ум дар кишвар босуръат ҷараён дошт, айни замон мӯътадил гардида, тибқи натоиҷи пешакии барӯйхатгирии соли 2010, таносуби аҳолии шаҳру деҳот мутаносибан 27 ва 73%-ро ташкил додаст.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки бино ба маълумоти баруйхатгирии мазкур, дар ҷумҳурӣ шумори мардон ба моҳи сентябри соли гузашта 3 млн. 813 ҳазор ва занон – 3 млн. 752 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. «Натоиҷи ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ баргузор шуда буд, соли 2013 расман маърази умум қарор хоҳад гирифт», – афзуд Зебо Исмоилова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.