Дар поягоҳи баландтарини дунё парчами Тоҷикистон барафрохта шуд

Душанбе, 24-уми май. «Азия-Плюс» — Имрӯз сокинони пойтахт шоҳиди он гаштанд, ки чи гуна дар поягоҳи баландтарини дунё – сутуни 165 метра дар паҳлӯи чапи «Кохи Миллат» парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти салоҳиятдор иттилоъ доданд, ин амали санҷишии бардоштани поягоҳ буда, маросими расмии ифтитоҳи он баъди омода гардидани тамоми […]

Азия-Плюс

Душанбе, 24-уми май. «Азия-Плюс» — Имрӯз сокинони пойтахт шоҳиди он гаштанд, ки чи гуна дар поягоҳи баландтарини дунё – сутуни 165 метра дар паҳлӯи чапи «Кохи Миллат» парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти салоҳиятдор иттилоъ доданд, ин амали санҷишии бардоштани поягоҳ буда, маросими расмии ифтитоҳи он баъди омода гардидани тамоми зербинои атрофи он баргузор хоҳад шуд.

Паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.

Ба насбу ҷобаҷогузории сутун мутахассисони ширкати банулмилалии «Trident Support» машғуланд, ки дар ин соҳа дар ҷаҳон ягона ширкати эътирофшудаанд. Ҳамчунин дар корҳои сохтмони поягоҳ корхонаҳои ватании «Алюминсохтмон» ва КВД «Талко» низ ҷалб шуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки 11-уми ноябри соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид сохтанд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҳамчуни Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин таклифро ҷиҳати баррасӣ ба парлумон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод сохта буд. Бори нахуст 24-уми ноябри соли 1992 парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Шӯрои Олии ҶТ тасдиқ гардид.

Қобили зикр аст моҳи октябри соли 2010 сохтмони поягоҳи Нишони Тоҷикистон оғоз гардид. Нишони панҷметра дар поягоҳи 45 метра дар паҳлӯи рости «Кохи миллат» қомат хоҳад афрохт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.