Шабдолов: Масъалаи болоравии арзиши роҳкирои мусофиркашро ба ҳоли худ гузоштан нашояд

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Болоравии арзиши роҳкирои мусофиркаш дар пойтахт ба афзоиши назарраси қимати  маҳсулот дар бозорҳо мусоидат хоҳад кард, – иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов. Ба қавли ӯ, бо назардошти афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, мақомоти шаҳрдориро […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Болоравии арзиши роҳкирои мусофиркаш дар пойтахт ба афзоиши назарраси қимати  маҳсулот дар бозорҳо мусоидат хоҳад кард, – иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов.

Ба қавли ӯ, бо назардошти афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, мақомоти шаҳрдориро мебояд ҷиҳати бо маблағ дастгирӣ намудани нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ чораҳо андешид, то ки оқибатҳои он ба андозае сабуктар гардад. «Бо назардошти он, ки қисми зиёди ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти хусусӣ амалӣ мегардад, бо мушкилот ва оқибатҳои болоравии арзиши роҳкиро бояд ҳукумати кишвар машғул бошад, зеро мақомоти маҳаллӣ аз ӯҳдаи он намебароянд», – гуфт вай.

Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки барои коҳиши хароҷоти сокинони шаҳри Душанбе барои нақлиёт мебояд дар бораи ҷудо кардани ҷубронпулиҳои иловагӣ аз ҷониби корфармоҳо андеша намуд. «Ба ҳар ҳол, ин масъаларо ба ҳоли худ гузоштан нашояд, зеро ҳукумат музди меҳнатро дар як сол ба андозаи 30% зиёд мекунаду, нархҳо ба андозаи 40-50% боло мераванд», – афзуд номбурда.

Ёдрас екунем, ки дар робита ба афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши роҳкирои нақлиёти мусофирбарро зиёд кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.