Оғози санҷиши фаъолияти нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд

Хуҷанд. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Кормандони Раёсати хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд ба омӯзиши вазъ ва санҷиши фаъолияти нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шурӯъ намуданд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилоят Тоҳир Ғафуров иттилоъ дод, бо ин мақсад як гурӯҳи махсус […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Кормандони Раёсати хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд ба омӯзиши вазъ ва санҷиши фаъолияти нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шурӯъ намуданд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилоят Тоҳир Ғафуров иттилоъ дод, бо ин мақсад як гурӯҳи махсус таъсис дода шуда, айни замон он дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машғули кор аст. «Аъзои гурӯҳ масоили ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани камбуди маводи сӯзишворӣ, макони дастрасии он ва пешгирии имкони аз як ҷой дар ҳаҷми зиёд харидорӣ намудану дар ҷойи дигаре бо нархи гарон фурӯхтанро мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор хоҳанд дод», – гуфт ӯ.

Тоҳир Ғафуров мегӯяд, чанде аз соҳибкорон баҳри ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани камбуди маводи сӯзишворӣ, ҳарчанд ба миқдори зиёд маводи сӯзишворӣ дошта бошанд ҳам, маҳсулоти худро ба фурӯш намегузоранд ва болоравии арзиши онро интизор мешаванд, ки «вазифаи аввалиндараҷаи гурӯҳ пеширӣ ва роҳ надодан ба чунин амалҳо аст». «Муддати чанд рӯзи минбаъда гурӯҳи мазкур дар бораи натиҷаи санҷиш ҳисобот таҳия намуда, тавсияву пешниҳодоти худро пешкаш хоҳад кард», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки айни замон танҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 29 нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ амал мекунанд, ки ба ширкатҳои бузурги таъминкунандагони маводи сӯзишворӣ мутааллиқанд. Феълан дар қаламрави вилояти Суғд қимати бензини навъи АИ-95 5сомониву 40 дирам ва сӯзишвории дизелӣ то 6 сомониро ташкил медиҳад. Дар қаламрави вилоят ҳеҷ мушкилоте бобати таъмини гази моеъ вуҷуд надошта, арзиши он дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ 2 сомониву 70 дирам аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.