Ифтитоҳи ягона дар ОМ Маркази илмии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон дар Душанбе

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ – Маркази илмии пайвандсозӣ ва бофтаҳои инсон доир гардид. Зимни суханронӣ дар маросими мазкур вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 100 нафар ба пайвандсозии (иваз кардани) гурда эҳтиёҷ дошта, танҳо 20%-и онҳо имкон доранд, […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ – Маркази илмии пайвандсозӣ ва бофтаҳои инсон доир гардид.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 100 нафар ба пайвандсозии (иваз кардани) гурда эҳтиёҷ дошта, танҳо 20%-и онҳо имкон доранд, ки бо масрафи аз 25 то 60 ҳазор доллари ИМА ин амалро дар хориҷи кишвар анҷом диҳанд. «Барои таъмири бинои марказ 700 ҳазор, харидории мебел 750 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ баҳри таъмини ҳамаҷонибаи марказ бо таҷҳизоти заруриву доруворӣ ва мавод барои пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон аз буҷаи вазорати тандурустӣ 2 млн. 971 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид», – гуфт ӯ.

Мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Лола Бобохоҷаева зикр намуд, ки тайи се соли ахир дар кишвар 50 муассисаи тиббӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо асбобу лавозимоти зрури мучаҳҳаз гардиданд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори  ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи пайвандсозии узвҳои Маркази миллӣ, доктори улуми тиббӣ Шоҳин Назаров иброз дошт, ки то имрӯз 10 ҷарроҳии пайвандсозии гурда гузаронида шуда, тадриҷан дар марказ ният доранд, ки ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ва мағзи устухонро низ баргузор намоянд.

Қобили зикр аст, ки айни замон қимати ҷарроҳии пайвандсозии гурда дар маркази мазкур 49 ҳазор сомонӣ (беш аз 10 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ҷарроҳии нахустини пайвандсозии гурда дар Тоҷикистон 5-уми ноябри соли 2009 бо дастгирии сарвари давлат барои сокини ноҳияи Вахш Ҳабибулло Каралиев гузаронида шуда, айни замон вазъи саломатии ӯ қаноатбахш аст.

Қобили зикр аст, ки тобистони соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Маркази илмии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон» қарор қабул кард. Қонуни ҶТ «Дар бораи пайвандсозии узвҳо ва бофтахои инсон»-ро сарвари давлат моҳи июли соли 2007 ба имзо расонида, муаллиф ва таҳиягари он доктори улуми тиббӣ, профессор Ҷумъабой Сангинов мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.