Занозании дастаҷамъонаи тоҷикону чеченҳо дар Уфа

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Уфаи Русия миёни тоҷикону чеченҳо занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар яке аз бозорҳои хурди яклухтфурӯш нахуст миёни тоҷике, ки шустани гилемчаҳои резинии автомашинаи чеченро рад кардааст, рух дода, бар асари бо туфангчаи ҷароҳатдеҳ ба сӯйи […]

Азия-Плюс

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Уфаи Русия миёни тоҷикону чеченҳо занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар яке аз бозорҳои хурди яклухтфурӯш нахуст миёни тоҷике, ки шустани гилемчаҳои резинии автомашинаи чеченро рад кардааст, рух дода, бар асари бо туфангчаи ҷароҳатдеҳ ба сӯйи коргари тоҷик тир холӣ намудани зодаи Чеченистон, ӯ аз пойи чапаш ҷароҳат мебардорад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс», баъди чанд муддате ҳамватанони захмишуда аз ҳодиса огаҳӣ ёфта, ба харобсозии бинои маъмурии бозор пардохтаанд. Рӯзи душанбе мухолифат идома ёфта, ин дафъа миёни тоҷикону чеченҳо занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки баҳри пешгирии он кормандони милиса ва гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) даъват карда шудаанд.

РИА Новости бо нақли шоҳидони ҳодиса менависад, ки гурӯҳи иборат аз 300 нафар, ки бо арматураву санг ва аслиҳаи ҷароҳатдеҳ мусаллаҳ буданд, автомобилҳои назди бозор, бинои маъмурӣ ва нуқтаҳои фурӯшро хароб сохтаанд. Як шоҳиди ҳодиса гуфтааст, ки ҳамчунин дар ин занозанӣ садои тирпарронӣ низ ба гӯш расида, афроди дар роҳи ин издиҳом пешомада бо мушкилие худро канор мегирифтаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи душанбе боз ба се нафари ҷароҳатбардошта кӯмаки тиббӣ расонида шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Уфа дар пайи ҷустуҷӯйи саркардагони ин бетартибӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.