Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ аз мансаб сабукдӯш гардид

Date:

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар ба кори дигар гузаштан котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов аз мансаб сабукдӯш гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огоҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, фармон дар таърихи 23-юми май ба имзо расида, ба вазифаи котиби Шӯрои амният то ҳанӯз касе таъин нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов рӯзи 15 –уми май аз ҳавзаи якмандатии интихоботии № 4-и ноҳияи Синои пойтахт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардид.

Рӯзи чаҳоршанбе, 25-уми майи соли ҷорӣ, дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар Амирқул Азимов ба ҳайси  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб гардида, ба ҳайати Шӯрои парлумонӣ шомил шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...