Хуҷанд. 28-уми май. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъвои донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд Абдуазиз Иброҳимов нисбат ба Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти маъмурияти маҳаллиро қонеъ кард.
Асоси муроҷиат ба додгоҳ аз ҷониби шӯъба рад кардани пешниҳоди маълумот дар бораи ташхиси экологии корхонаи истехсоли спирти воқеъ дар микрорайони 34-уми шаҳри Хуҷанд мебошад.
Додгоҳ шӯъбаи экологии маҳаллиро ӯҳдадор сохт, ки ба даъвогар нусхаҳои ташхиси экологиро пешниҳод намуда, ҳамчунин хароҷоти додгоҳии даъвогарро ҷуброн намояд.
Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ зикр гардид, ки 21-уми октябри соли 2010 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд Абдуазиз Иброҳимов ба Шӯъбаи ҳифзи муҳити зист муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки бобати то кадом андоза зараровар будани партовҳои корхонаи истеҳсоли спирт ба тандурустии аҳолӣ хулосаҳои ташхиси экологиро пешниҳод намоянд, аммо мақомоти расмӣ бо баҳонаи мавҷуд набудани ишораи ҳадафи гирифтани чунин маълумот аз ҷониби донишҷӯ, онро рад кардааст. Пас аз муроҷиати зиёде донишҷӯ тасмим гирифт, ки аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ тавассути додгоҳ дифоъ хоҳад кард.
Дар робита ба ин масъала додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Исмоил Раҳматов изҳор дошт, ки мутобиқи моддаи 10-и Сарқонун, санадҳои ҳуқуқии байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда қисмати таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Мувофиқи моддаи 2-и Конвенсияи Орхус, ки Тоҷикистон онро соли 2010 қабул кард, ҳама гуна шахси ҳуқуқӣ ё воқеъӣ, сарфи назар аз муносибат ба шаҳрвандӣ, ба талаби пешниҳоди маълумоти экологӣ аз шахсони расмӣ ва мақомоти давлатӣ ҳуқуқ дорад. Бино ба талаботи моддаи 4 конвенсияи мазкур бошад, шахси муроҷиаткунанда ӯҳдадор нест, ки дар дархости худ сабаб ва ҳадафҳои онро зикр намояд. «Ғайр аз ин, аз ҷониби Шӯъбаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқҳои шаҳрванд оид ба гирифтани маълумот поймол шудаанд, ки дар Барномаи миллӣ дар бораи дастрасӣ ба маълумот ва иштироки аъзои ҷомеа дар ҷараёни қабули қарор зикр ёфтаанд ва адолати судӣ аз рӯйи масоили экологӣ, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2002 қабул карда шудаанд ва ҳамчунин дар Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» дарҷ ёфтаанд», – гуфт додрас.
Ба қавли ҳуқуқшиноси филиали ТҶ «Марказ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон»-и шаҳри Хуҷанд Назаршайх Назаров, ин нахустин ҳодисаест дар таҷрибаи додгоҳӣ, ки шаҳрванд аз ҳуқуқи ҳуд ба гирифтани маълумоти экологӣ дифоъ кардааст. «Қаблан як ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста буд, лекин даъвогар то анҷоми мурофиаи судӣ сабр накарда, аз даъвояш даст кашид», – афзуд номбурда


