РКД-и Волгоград баррасии парвандаи собиқ муҳоҷири меҳнатии тоҷикро ваъда кард

Хуҷанд. 28-уми май. «Азия-Плюс» — | Раёсати корҳои дохилии вилояти Волгогради Русия ваъда кард, ки парвандаи собиқ муҳоҷири меҳнатии тоҷик, сокини шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Мӯсобоевро, ки қурбони ҳодисаи харидуфурӯши одамон шуда, дар ниҳояти кор ба маъюбӣ гирифтор гардид, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Чи тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» бевосита ҷабрдида хабар дод, ба ӯ […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 28-уми май. «Азия-Плюс» — | Раёсати корҳои дохилии вилояти Волгогради Русия ваъда кард, ки парвандаи собиқ муҳоҷири меҳнатии тоҷик, сокини шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Мӯсобоевро, ки қурбони ҳодисаи харидуфурӯши одамон шуда, дар ниҳояти кор ба маъюбӣ гирифтор гардид, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Чи тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» бевосита ҷабрдида хабар дод, ба ӯ бо чунин мазмун бо имзои сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Волгоград В.Спитисин мактуб дастрас шудааст.

Қ.Мӯсобоев мегӯяд, соли 2004 корхонаи фаръии «Тоҷикхориҷакор»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд барои кор дар вилояти Волгоград коргаронро интихоб ва сафарбар намудаст.

«Дар Волгорад шахси моро ҳамроҳикунанда маро аввал ба як фермер ва сипас ба фермери дигар бо фамилияи Богданенко ба ивази 2 ҳазор рубли русӣ супурд, ки баъдтар корманди милиса буданаш маълум шуд. Баъдтар моро ба фермерони дигар низ супурда, латкӯб мекарданд. Бо гузашти панҷ моҳ ман аз он ҷо гурехтам, вале шиносномаам дар дасти Богданенко боқӣ монд. Зимистон буд ва ҳарду пои маро хунук зад. Хушбахтона, шахсоне ёфт гардиданд, ки бепул маро то хона расониданд. Дар Хуҷанд шаш ҷарроҳӣ гузаронидам, вале дар ниҳояти кор лозим омад, ки пойҳоямро буранд. Баъд аз ин бо даъво нисбат ба «Тоҷикхориҷакор» ба додгоҳи вилояти Суғд муроҷиат кардам. Додгоҳ қарор кард, ки аз ин корхона барои расонидани зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ ба фоидаи ман 8 ҳазор сомонӣ маблағ рӯёнида шавад, вале ман то ҳанӯз онро гирифта наметавонам», – мегӯяд собиқ муҳоҷири меҳнатӣ.

Мӯсобоев ҳамчунин афзуд, ки мукотибаи худро бо Раёсати корҳои дохилии вилояти Волгоград идома хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.