Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку дар Тоҷикистон

Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил мегардад. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамасола дар сайёра бар асари истеъмоли тамоку 6 млн. нафар чони худро аз даст медиҳанд. Гуфта мешавад, қисмати зиёди истеъмолгарони тамоку дар кишварҳои даромадашон миёна ва паст ба сар мебаранд. Дар Тоҷикистон истеъмоли […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил мегардад.

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамасола дар сайёра бар асари истеъмоли тамоку 6 млн. нафар чони худро аз даст медиҳанд. Гуфта мешавад, қисмати зиёди истеъмолгарони тамоку дар кишварҳои даромадашон миёна ва паст ба сар мебаранд.

Дар Тоҷикистон истеъмоли маснӯъоти тамоку дар сатҳи қонунгузорӣ маҳдуд гардида, пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни дахлдор дар аввали соли 2011, фурӯш ва истеъмоли тамоку дар қаламрави мактаб, беморхона, бинои корхонаву ташкилот сарфи назар аз моликият, фурудгоҳ, истгоҳи нақлиёт, осоишгоҳу дармонгоҳ, иншооти фарҳангиву варзишӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд.

Мутобиқи қонуни мазкур ҳамчунин фурӯши маснӯъоти тамоку дар масофаи то 100 метр аз кӯдакистону мактаб ва беморхонаву дигар муассисаҳои тиббӣ низ манъ гардида, барои тамокукашон ҷойҳои махсус пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷми маблағи ҷарима барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур аз 5 то 15 нишондиҳанда (як нишондиҳанда ба 35 сомонӣ баробар аст) барои шахсони воқеъӣ ва аз 3 то 300 нишондиҳанда барои шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.