Дар Тоҷикистон Палатаи ҳисоб таъсис дода мешавад

Date:

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон мақомоти олии давлатӣ дар соҳаи назорати молиявӣ таъсис дода мешавад.

Имрӯз вакилони палати поёнии парлумони кишвар Қонуни ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоб»-ро якдилона маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ дар назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов изҳор дошт, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур, дар Тоҷикистон мақомоти нави ҳокимиятӣ таъсис дода хоҳад шуд, ки аз болои қисмати даромаду хароҷоти буҷаи давлатӣ, воситаҳои ғайрибуҷавӣ ва ҳамчунин маблағҳои аз хориҷи кишвар ба иқтисоди миллӣ сармоягузоришуда назорат хоҳад бурд.

«Ҳадафи аслии таъсиси Палатаи ҳисоб пурзӯр кардани назорат аз болои бахши молия ва ҳамчунин баргузории аудиту баҳодиҳии буҷаи давлатии ҷумҳурӣ аст», – гуфт ӯ.

Зимни посух ба суоли раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бобати имкони такрори вазифаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби Палатаи мазкур, муовини вазири молия зикр кард, ки пас аз таъсиси Палатаи ҳисоб чанде аз ваколатҳои Агентии зиддифасод ба дӯши мақомоти нав вогузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки Палати ҳисоб дар назди сарвари давлат ва парлумони кишвар ҳисоботдеҳ хоҳад буд. «Сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди президент аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба муддати ҳафт сол таъин карда мешаванд ва як нафар ба таъин шудан ба вазифаи сараудитор ба муддати зиёда аз ду мӯҳлат ҳуқуқ надорад», – афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...