Оғози мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори ҳафтавори «Нури зиндагӣ» дар Суғд

Хуҷанд. 1-уми июн. «Азия-Плюс» – | Дар додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 31-уми май таҳти раисии додрас Саодат Атоева ҷаласаи нахустини мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» (Душанбе), сокини ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов оғоз гардид. Дар ин ҷаласа далелу бурҳони даъвогарон ва ҷониби ҷавобгар шунида шуда, қарор гардид, ки ҷаласаи минбаъда дар таърихи […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 1-уми июн. «Азия-Плюс» – | Дар додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 31-уми май таҳти раисии додрас Саодат Атоева ҷаласаи нахустини мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» (Душанбе), сокини ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов оғоз гардид.

Дар ин ҷаласа далелу бурҳони даъвогарон ва ҷониби ҷавобгар шунида шуда, қарор гардид, ки ҷаласаи минбаъда дар таърихи 2-юми июни соли ҷорӣ баргузор шавад.

Даъвогарон 12 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мебошанд. Маҳмадюсуф Исмоилов шаш моҳ қабл ба ҳабс гирифта шуда, дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуд. Ӯ тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.

Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.

Қобили зикр аст, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 50-сола буда, соҳиби се фарзанд аст. Номбурда бо дигар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ низ ҳамкорӣ дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.