Ғорати як соҳибкори эронӣ дар маркази пойтахт

Date:

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони милисаи шаҳри Душанбе пайи ҷустуҷӯи шахсоне мебошанд, ки дар маркази пойтахт соҳибкори эрониро ғорат кардаанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, як соҳибкори эронӣ ба кормандони милисаи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 1-уми июн ӯ дар майдони «800-солагии Маскав», дар назди театри опера ва балет мавриди ғорат қарор гирифтааст. «Шахсони номаълум сумкаи соҳибкорро дуздидаанд, ки дар дохили он ҳуҷҷатхои шахсӣ ва миқдори зиёди пули нақд – 7,5 ҳазор доллари ИМА ва 250 ҳазор риёли эронӣ мавҷуд будааст», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳодисаҳои содир намудани ҷинояти дуздиву ғорат аз ҷиноёти сершумор дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо шабонарӯзи гузашта дар кишвар расман 8 ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 6-тои он базудӣ ошкор шудааст. Соли равон бошад, 1 ҳазору 892 ҷинояти дуздӣ сабт гардида, 1 ҳазору 726-тои он ошкор гардидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...