Бо мусоидати USAID луғати истилоҳоти ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба чоп расид

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар чопи луғати истилоҳоти ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ки дар се забон англисӣ-русӣ-тоҷикӣ таҳия шудааст, мусоидат кард. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими муаррифии луғат намояндагони Вазорати фарҳанг ва Рушди иқтисоду савдо, Маркази патентӣ, созмонҳои […]

Азия-Плюс

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар чопи луғати истилоҳоти ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ки дар се забон англисӣ-русӣ-тоҷикӣ таҳия шудааст, мусоидат кард.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими муаррифии луғат намояндагони Вазорати фарҳанг ва Рушди иқтисоду савдо, Маркази патентӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва донишҷўён ширкат намуданд. Луғати зерин, ки чопаш аз ҷониби Лоиҳаи минтақавии USAID оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ дастгирӣ шудааст, инчунин аз муқаддима ба мавзўъи моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи муаллифӣ ва моликияти зеҳнии саноатӣ иборат буда, барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони илм ва коршиносони соҳа дар беҳтар дарк намудани ҷиҳатҳои ҳуқуқии ин масъала донишашонро мукаммалтар менамояд.

 Муаллифи луғати истилоҳоти моликияти зеҳнӣ ҷаноби Ином Тоҳиров аст, ки дар рушду инкишофи низоми муҳофизати моликияти зеҳнӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми фаъолияташ ба ҳайси директори Маркази миллии патентӣ-итилоотии Тоҷикистон нақши сазовореро иҷро кардааст. Ҷаноби Тоҳиров дар рафти муаррифии луғат қайд намуданд, ки «имрўз нақши моликияти зеҳнӣ дар ҷалби бевоситаи сармоягузории хориҷӣ ва интиқоли технологияҳои муосир ниҳоят муҳим аст. Ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, Тоҷикистон бояд ба саъю кўшишҳои дигар кишварҳо дар ҷодаи муҳофизати моликияти зеҳнӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пайвандад.»

Лоиҳаи Минтақавии USAID оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ яке аз барномаҳои зиёди ба рушди кишвар равона шудаест, ки ба шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардида, тавассути USAID дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Шурӯъ аз соли 1992 мардуми Амрико, тавассути Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе тахминан 984 миллион доллари амрикоиро барои барномаҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон дар самтҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ кардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.