И.Талбаков: Бо музди миёнаи меҳнати имрӯза дар Тоҷикистон зистан хеле душвор аст

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Узви Кумитаи иқтисод, буҷа, молия ва андози палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков зимни шарҳи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар хусуси аз 100 доллари ИМА (445 сомонӣ) боло рафтани музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз кард, ки бо музди миёнаи меҳнати имрӯза дар […]

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Узви Кумитаи иқтисод, буҷа, молия ва андози палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков зимни шарҳи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар хусуси аз 100 доллари ИМА (445 сомонӣ) боло рафтани музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз кард, ки бо музди миёнаи меҳнати имрӯза дар Тоҷикистон зистан хеле душвор аст.

«Афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ аз ҷониби кишварҳои содиркунанда ба болоравии босуръати қариб ҳамаи навъи маҳсулот боис гардида, сатҳи таваррум мудом дар ҳоли афзоиш аст ва имрӯз 445 сомонӣ он арзишеро надорад, ки аввали ҳамин сол дошт», – гуфт ӯ.

И.Талбаков мегӯяд, барои муайян кардани сатҳи маоше, ки метавон бо он дар ҷумҳурӣ зиндагӣ кард, мебояд ҳаҷми сабади истеъмолии мӯътадилро таҳия кард. «Парлумон Қонун «Дар бораи сабади истеъмолӣ»-ро қабул кард, ки мутобиқи он, сохторҳои дахлдор ҳаҷми онро муқаррар мекунанд, аммо ин корҳо ҳоло то охир ба субут нарасидаанд», – иброз дошт номбурда.

Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, арзиши маҷмӯи маҳсулоти ғизоии сабади истеъмолӣ тибқи истеъмоли воқеъӣ ба охири моҳи марти соли равон барои як нафар узви оила 122 сомонӣ (27,2 $) дар як моҳро ташкил медиҳад. Ҳангоми истеъмоли хӯроки серғизо бошад, арзиши сабади истеъмолӣ барои як узви оила 232 сомонӣ (51,9 $)-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон 472 сомонӣ (тақрибан 103 $)-ро ташкил додаст, ки нисбат ба моҳи феврал дар ифодаи номиналӣ ба андозаи 12% бештар аст.

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ 80 сомонӣ (18 $) ва ҳадди ниҳоӣ 2195 сомонӣ (488 $) дар як моҳро ташкил медиҳад.


Акс аз www.ozodi.org

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.