Хуҷанд. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба раиси хоҷагии деҳқонии «Х.Тӯраев»-и ноҳияи Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ошкор шудааст, ки раиси хоҷагии деҳконии «Х.Тӯраев»-и ноҳияи Панҷакент Норқузӣ Юлдошев бо суистифода аз мансаб ва маслиҳати пешакӣ бо бригадири хоҷагии мазкур Урал Сатторов бо роҳи фиреб ба боварии сокини ҷамоати Саразм К.С. даромада, аз ӯ бо ваъдаи ҷудо кардани о,6 га қитъаи замин 2,9 ҳазор доллари ИМА маблағи пулӣ мегиранд. «Албатта, онҳо ба К.С. ҳеҷ қитъаи замине ҷудо накарда, маблағи пулиро ба эҳтиёҷоти худ масраф кардаанд», – гфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел Прокуратураи генералии ҶТ мутобиқи моддаҳои 247, қисми 4 (Қ а л л о б ӣ ба миқдори махсусан калон), 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 340, қисми 2 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят аз рӯйи далелҳои вайронкунии қонунгузории истифодаи замин 37 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


