Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба яке аз раисони хоҷагии деҳқонии ноҳияи Панҷакент

Хуҷанд. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба раиси хоҷагии деҳқонии «Х.Тӯраев»-и ноҳияи Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ошкор шудааст, ки раиси хоҷагии деҳконии «Х.Тӯраев»-и ноҳияи Панҷакент Норқузӣ Юлдошев бо суистифода аз мансаб ва […]

Хуҷанд. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба раиси хоҷагии деҳқонии «Х.Тӯраев»-и ноҳияи Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ошкор шудааст, ки раиси хоҷагии деҳконии «Х.Тӯраев»-и ноҳияи Панҷакент Норқузӣ Юлдошев бо суистифода аз мансаб ва маслиҳати пешакӣ бо бригадири хоҷагии мазкур Урал Сатторов бо роҳи фиреб ба боварии сокини ҷамоати Саразм К.С. даромада, аз ӯ бо ваъдаи ҷудо кардани о,6 га қитъаи замин 2,9 ҳазор доллари ИМА маблағи пулӣ мегиранд. «Албатта, онҳо ба К.С. ҳеҷ қитъаи замине ҷудо накарда, маблағи пулиро ба эҳтиёҷоти худ масраф кардаанд», – гфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел Прокуратураи генералии ҶТ мутобиқи моддаҳои 247, қисми 4 (Қ а л л о б ӣ ба миқдори махсусан калон), 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 340, қисми 2 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят аз рӯйи далелҳои вайронкунии қонунгузории истифодаи замин 37 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.