Ф.Саидов: Тоҷикистониён ба ҷуз маош, сарчашмаҳои дигари даромад ҳам доранд

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Бариои қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистон музди меҳнат сарчашмаи асосии даромад маҳсуб намеёбад, – изҳор дошт сардори Раёсати таҳқиқоти бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов. Номбурда зимни шарҳи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар хусуси аз 100 доллари ИМА боло рафтани музди миёнаи меҳнат […]

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Бариои қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистон музди меҳнат сарчашмаи асосии даромад маҳсуб намеёбад, – изҳор дошт сардори Раёсати таҳқиқоти бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов.

Номбурда зимни шарҳи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар хусуси аз 100 доллари ИМА боло рафтани музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз кард, ки албатта, 100 доллари ИМА дар вазъи имрӯзаи Тоҷикистон маблағи назаррасе нест, вале ба ҳама маълум аст, ки ба Тоҷикистон ҳамасола аз Русия зиёда аз 2 млрд. доллари ИМА маблағҳо интиқол дода мешаванд, ки дар ҷойе ба инобат гирифта намешаванд.

Ба қавли Ф.Саидов, дар Агентии омор танҳо музди меҳнати кормандони буҷавӣ мавриди таҳлил қарор мегирад, вале аҳолии мамлакат ба соҳибкорӣ машғул буда, ҳамчунин дорои қитъаҳои замини наздиҳавлигианд, ки аз ҳисоби он низ даромад ба даст меоранд. «Аз ин рӯ, миқдори дақиқи даромадҳои аҳолиро муайян кардан хеле душвор аст», – гуфт ӯ.

Мавсуф афзуд, ба ҳаҷми музди миёнаи меҳнат таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардан зарур нест, зеро вазифаи аслӣ дар он ифода меёбад, ки ба фарқи баланд миёни музди меҳнати ҳадди ақал ва ниҳоӣ набояд роҳ дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон 472 сомонӣ (тақрибан 103 $)-ро ташкил додаст, нисбат ба моҳи феврал дар ифодаи номиналӣ ба андозаи 12% бештар аст.

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал, ки дар Тоҷикистон ба 80 сомонӣ (18$) баробар аст, дар қаламрави пасошӯравӣ яке аз нишондиҳандахои пасттарин аст.

Музди меҳнати аз ҳама бештар дар бахши молияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми миёнаи он 2195 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон дар Қазоқистон – 595, Ӯзбекистон – 326, Туркманистон – 200 ва Қирғизистон – ҳудуди 158 доллари ИМА-ро ташкил дода, музди миёнаи меҳнат дар Украина ба 318, Белорус – 513, Русия – 805 ва Озарбойҷон – 440 $ баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.