Анҷоми санҷиши фаъолияти молиявии ширкати «Мовароуннаҳр»

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ қисмати асосии санҷиши фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии ширкати «Мовароуннаҳр»-ро, ки роҳбараш ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад, ба итмом расониданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов хабар дод, санҷиш мутобиқи қарори […]

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ қисмати асосии санҷиши фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии ширкати «Мовароуннаҳр»-ро, ки роҳбараш ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад, ба итмом расониданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов хабар дод, санҷиш мутобиқи қарори Прокуратураи генералии ҶТ гузаронида шуд.

Шӯҳрат Қудратов, адвокати директори генералии ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, бо маълумоти пешакии санҷиш шинос шуда, дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба тамоми иншооти сохтмонии ширкат 135 млн. сомонӣ (бо қурби кунунӣ – 30 млн. $) маблағ масраф шудааст, ки 108 млн. сомонӣ (24 млн. $)-и онро маблағи саҳмгузорон, қарзҳои бонкӣ ва инчунин воситаҳои тендерии ҷудошуда барои сохтмон дар минтақаи ҷануби кишвар ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Қудратов, 27 млн. сомонии боқимонда маблағҳои шахсии Ҷӯрабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати хусусии сохтмонӣ сармоягузорӣ шудаанд. «Саҳмҳои хусусии аҳолӣ 62 млн. сомониро ташкил дода, дар ҳамин ҳол, шумораи саҳмдорон ба 700 нафар мерасад ва аз ин миқдор 250 нафар ё соҳиби манзил шудаанд ва ё дар навбати гирифтани ордери манзиланду 450 нафар манзилҳои зисти худро дар биноои сохтмонашон нотамом интизоранд», – гуфт ӯ.

Адвокат мегӯяд, мутобиқи хулосаҳои пешакии санҷиш, «воситаҳои дастрасшуда аз саҳмдорон, ташкилотҳои бонкӣ ва ғайра тибқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ба қайд гирифта нашудааст».

Дар ҳамин ҳол, роҳбари гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ оид ба парвандаи «Мовароуннаҳр» Умед Пӯлодов таъкид кард, ки «санади санҷиш то ҳанӯз ба Прокуратураи генералӣ пешниҳод нагардидааст».

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбат ба директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов тибқи моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) идома дорад.

Ширкати «Мовароуннаҳр» шурӯъ аз соли 2005 ба сохтмони манзил тариқи ипотека машғул аст, вале барои сохтмони манзил аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағ ҷамъ оварда, на ҳамаро бо  манзили ваъдашуда таъмин кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.