Тренинги «Малакаҳои идоракунӣ барои ҷавонон» дар шаҳри Панҷакент

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Панҷакент Ташкилоти ҷамъиятии умумиҷумҳуриявии «Ҷавонони асри нав» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ба баргузории тренинг барои ҷавонони шаҳри мазкур шурӯъ кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири иҷроияи ташкилоти мазкур Рустам Тоҳиров хабар дод, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи […]

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Панҷакент Ташкилоти ҷамъиятии умумиҷумҳуриявии «Ҷавонони асри нав» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ба баргузории тренинг барои ҷавонони шаҳри мазкур шурӯъ кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири иҷроияи ташкилоти мазкур Рустам Тоҳиров хабар дод, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи «Малакаҳои идоракунӣ барои ҷавонон» созмон дода шуда, то 11-уми июни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. «Омӯзиши 15 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба таҳиясозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ, фандрейзинг (ҷамъоварии маблағ), тимбилдинг (таъсиси гурӯҳ ё даста), малакаҳои роҳбарӣ, менеҷменти ташкилоти ҷамъиятӣ, ташаккул ва идоракунии кадрҳои ихтиёрӣ барои ҷалби минбаъдаи онҳо ба бахши ҷамъиятӣ тавассути муттаҳидсозии онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии тренинг мебошанд», – таъкид кард ӯ.

Ба қавли мавсуф, тайи ду рӯзи аввал иштирокчиёни тренинг аллакай бо моҳияти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳадафу вазифаҳо ва тартиботи сабти онҳо дар асоси қонунгузории ҶТ ба хубӣ ошно шуданд. «Иштирокчиён бо тарзҳои ошкор сохтани мушкилоти иҷтимоӣ, сабабу оқибатҳои минбаъда ва таъсири он ба талаботи ҷомеа шинос шуда, ин методҳо ба онҳо минбаъд дар ҳалли мушкилоти мушаххаси ҷомеа, интихоби соҳаи фаъолият ва дар ниҳояти кор ба рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак хоҳанд расонид», – афзуд Рустам Тоҳиров.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.