Собиқ раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувон аз толори суд озод карда шуд

Date:

Қӯрғонтеппа. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Суди шаҳри Қӯрғонтеппа иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувонро, ки дар гирифтани пора гумонбар карда мешуд, аз толори суд озод кард.

Раисикунандаи мурофиаи судӣ, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Темур Боев ҳангоми эълони ҳукми суд қайд кард, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувон Маҳмуд Каримов нахуст мутобиқи моддаи 319, қ. 3 (Гирифтани


пора


аз ҷониби шахсе, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад) ва 163, қ. 1 (Вайрон  кардани  қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуд.

«Аммо суд ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, ба хулосае омад, ки вазифаи ишғолнамудаи М.Каримов ба феҳристи вазифаҳои давлатӣ, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» муқаррар сохтааст, дохил намешавад. Аз ин рӯ, суд  қисми 3-и моддаи 319-И КҶ ҶТ-ро ба қисми 2-и ин модда (Гирифтани пора


аз ҷониби шахси мансабдор барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ) иваз намуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, суд дар асоси моддаи 63-и КҶ ҶТ ба хулосае омад, ки бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи судшаванда (бори аввал ҷиноят содир намудан, ҳамкории фаъолона доштан бо тафтишот дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ, оиладору соҳиби 5 фарзанд будан, дар оила ягона нафари қобили меҳнат шуморида шудан, ба гуноҳи худ иқрор шудан, зарар надоштан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва муддати се моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор доштан), ӯ ба ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми 38,5 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат маҳкум карда шавад. «Ҳамчунин нисбат ба М.Каримов ҷазои иловагӣ дар шакли ба мӯҳлати то 3 сол маҳрум намудан аз ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда татбиқ карда мешавад», – иброз дошт судя.

Раиси мурофиаи судӣ Т.Боев илова кард, ки ҷонибҳо метавонанд дар давоми 10 рӯз аз болои ҳукми суд ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Ҳимоягари М.Каримов, Ғулом Бобоев дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки ӯ ва зерҳимояаш бо ҳукми суд розӣ ҳастанд ва нияти шикоят аз болои онро надоранд. Айбдоркунандаи давлатӣ Исматулло Раҷабов низ аз қаноатманд будани худ бобати ҳукми суд нисбати ин парванда изҳори назар кард.

Ёдрас мекунем, ки прокуратураи вилояти Хатлон ҳанӯз се моҳ қабл иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувон  Маҳмуд Каримовро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ аз як сокини ҳамин ноҳия барои мусоидат намудан дар ташкили хоҷагии деҳқонӣ боздошт карда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...