Собиқ раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувон аз толори суд озод карда шуд

Қӯрғонтеппа. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Суди шаҳри Қӯрғонтеппа иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувонро, ки дар гирифтани пора гумонбар карда мешуд, аз толори суд озод кард. Раисикунандаи мурофиаи судӣ, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Темур Боев ҳангоми эълони ҳукми суд қайд кард, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувон Маҳмуд Каримов нахуст мутобиқи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Қӯрғонтеппа. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Суди шаҳри Қӯрғонтеппа иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувонро, ки дар гирифтани пора гумонбар карда мешуд, аз толори суд озод кард.

Раисикунандаи мурофиаи судӣ, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Темур Боев ҳангоми эълони ҳукми суд қайд кард, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувон Маҳмуд Каримов нахуст мутобиқи моддаи 319, қ. 3 (Гирифтани


пора


аз ҷониби шахсе, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад) ва 163, қ. 1 (Вайрон  кардани  қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуд.

«Аммо суд ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, ба хулосае омад, ки вазифаи ишғолнамудаи М.Каримов ба феҳристи вазифаҳои давлатӣ, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» муқаррар сохтааст, дохил намешавад. Аз ин рӯ, суд  қисми 3-и моддаи 319-И КҶ ҶТ-ро ба қисми 2-и ин модда (Гирифтани пора


аз ҷониби шахси мансабдор барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ) иваз намуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, суд дар асоси моддаи 63-и КҶ ҶТ ба хулосае омад, ки бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи судшаванда (бори аввал ҷиноят содир намудан, ҳамкории фаъолона доштан бо тафтишот дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ, оиладору соҳиби 5 фарзанд будан, дар оила ягона нафари қобили меҳнат шуморида шудан, ба гуноҳи худ иқрор шудан, зарар надоштан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва муддати се моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор доштан), ӯ ба ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми 38,5 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат маҳкум карда шавад. «Ҳамчунин нисбат ба М.Каримов ҷазои иловагӣ дар шакли ба мӯҳлати то 3 сол маҳрум намудан аз ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда татбиқ карда мешавад», – иброз дошт судя.

Раиси мурофиаи судӣ Т.Боев илова кард, ки ҷонибҳо метавонанд дар давоми 10 рӯз аз болои ҳукми суд ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Ҳимоягари М.Каримов, Ғулом Бобоев дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки ӯ ва зерҳимояаш бо ҳукми суд розӣ ҳастанд ва нияти шикоят аз болои онро надоранд. Айбдоркунандаи давлатӣ Исматулло Раҷабов низ аз қаноатманд будани худ бобати ҳукми суд нисбати ин парванда изҳори назар кард.

Ёдрас мекунем, ки прокуратураи вилояти Хатлон ҳанӯз се моҳ қабл иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувон  Маҳмуд Каримовро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ аз як сокини ҳамин ноҳия барои мусоидат намудан дар ташкили хоҷагии деҳқонӣ боздошт карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.