Парвандаи журналист Исмоилов: Ҳимоя пурсиши ҳамаи ҷабрдидагонро тақозо дорад

Душанбе. 8-уми июн. «Азия-Плюс» — | Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов, ҳимоягарони рӯзноманигори ҳафтавори мустақили «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, тақозо доранд, ки ҳамаи ҷабрдидагон тибқи парвандаи бозшуда нисбати зерҳимояи онҳо бозпурсӣ карда шаванд. Бино ба маълумоти Хадамоти мониторингии Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷиктион (НАНСМИТ), дар ҷараёни мурофиаи судӣ 22 нафар ҷабрдидагон ва шоҳидон […]

Душанбе. 8-уми июн. «Азия-Плюс» — | Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов, ҳимоягарони рӯзноманигори ҳафтавори мустақили «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, тақозо доранд, ки ҳамаи ҷабрдидагон тибқи парвандаи бозшуда нисбати зерҳимояи онҳо бозпурсӣ карда шаванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти мониторингии Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷиктион (НАНСМИТ), дар ҷараёни мурофиаи судӣ 22 нафар ҷабрдидагон ва шоҳидон бозпурсӣ шудаанд.

Бино ба иттилои раисикунандаи мурофиаи додгоҳӣ додрас Саодат Атоева, чанде аз ҷабрдидагон гуфтаанд, ки дар мурофиа иштирок карда наметавонанд ё онҳоро тавассути телефон хабар надодаанд. Дар посух ҳимоягар талаб кард, ки ҳамаи ҷабрдидагон бояд дар мурофиаи додгоҳӣ ҳузур дошта бошанд.

Дар навбати худ, айбдоркунандаи давлатӣ изҳор дошт, ки баргузории мурофиаи додгоҳӣ бидуни ҳузури ҷабрдидагон ҳам имконпазир аст. Ба ҳар ҳол, додрас Атоева ба ҷонибҳо гуфт, ки онҳо пешниҳодоти худро ба додгоҳ ироа намоянд ва додгоҳ онҳоро моҳиятан баррасӣ хоҳад кард. Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ оид ба парвандаи рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов имрӯз идома хоҳад ёфт.

Ёдрас мекунем, ки дар додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 31-уми май таҳти раисии додрас Саодат Атоева ҷаласаи нахустини мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» (Душанбе), сокини ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов оғоз гардид.

Даъвогарон 12 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мебошанд. Маҳмадюсуф Исмоилов шаш моҳ қабл ба ҳабс гирифта шуда, дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуд. Ӯ тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.

Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.

Қобили зикр аст, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 50-сола буда, соҳиби се фарзанд аст. Номбурда бо дигар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ низ ҳамкорӣ дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.