Қӯрғонтеппа. 13-уми июн. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи вилояти Хатлон барои қатли се кӯдаки ноболиғ Фирдавс Саидови 18-соларо ба ҳабси абад маҳкум кард.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ёвари додситони вилоти Хатлон Варқа Зайниддинов хабар дод, мурофиаи додгоҳии ин парванда таҳти раёсати додрас Тоштемир Қӯшоқов баргузор шуда, санаи 10-уми июн ба итмом расид. «Додгоҳ Фирдавс Саидовро тибқи 11 моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ, аз ҷумла одамкушӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус, қаллобӣ ва ғайра гунаҳкор донист», – гуфт ӯ.
Ин ҷинояти мудҳиш 16-уми декбари соли 2010 дар шаҳри Қӯрғонтеппа содир шуд. Се нафар кӯдакони синнусоли 9, 13 ва 15-сола дар манзили зисташон кушташуда дарёфт гардиданд. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Фирдавс Саидовро боздошт намуданд, ки дар бозпурсиҳои нахустин ба гуноҳи худ иқрор шуд.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки Фирдавс Саидов аз соли 2008 ба тиҷорати маҳсулоти қаннодӣ машғул буда, дар назди боррасонон ба маблағи ниҳоят зиёд қарздор шудааст. Бо мақсади ғоратгарӣ ӯ ба боварии шиноси худ Олим Бекназров даромада, бо оилаи онҳо низ шинос мешавад. Рӯзи 16-уми декабр Саидов ба ғорати манзили зисти Бекназаровҳо даст зада, зимни кушодани дар ба фарзанди 9-солаи ин хонадон Шоҳҷаҳон якчанд маротиба бо корд зарба мезанад. Сипас 2 ҳазор доллари ИМА ва 8 ҳазор сомониии соҳибони манзилро азхуд мекунад. Чанде баъдтар хоҳарон Лобархони 13-сола ва Наргиси 15-сола аз мактаб ба хона бармегарданд. Ф.Саидов онҳоро низ бераҳмона ба қатл мерасонад.
Пас аз эълони ҳукм падари кӯдакони фавтида Олим Бекназаров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ӯ ба ҳукми додгоҳ мувофиқ аст. «Ман ба кормандони мақомоти додситонӣ ва милиса барои саривақт дастгир намудани ҷинояткор изҳори миннатдорӣ мекунам. Ба ин ҷинояткор дигар ҷазое буда наметавонад. Агар ҷазои қатл бекор карда намешуд, ман аз додгоҳ талаб мекардам, ки чунин ҷазоро ба ӯ раво бинанд», – гуфт Бекназаров.
Номбурда афзуд, муддати ним сол пас аз ин ҳодиса ӯву ҳамсараш ба бемории рӯҳӣ гирифторанд ва ба ҳеҷ кас чунин сарнавиштро орзу надоранд.
Дар ҳамин ҳол, ҳимоягари судшаванда Алишер Файзуллоев аз шарҳи масъала худдорӣ кард.


