Латукӯби муовини додраси вилоят дар Хоруғ

Душанбе. 11-уми июн. «Азия-Плюс» – | Рӯзи ҷумъа, 10-уми июн дар шаҳри Хоруғ шахсони номаълум муовини додраси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва додрасро латукӯб карда, ба бинои додгоҳи вилоят ва мақомоти додситонӣ хисороти назаррас ворид сохтанд. Ҳамин тариқ онҳо норизоии худро аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Кайён Раҳимови 29-сола изҳор доштанд, ки ба куштор айбдор […]

Душанбе. 11-уми июн. «Азия-Плюс» – | Рӯзи ҷумъа, 10-уми июн дар шаҳри Хоруғ шахсони номаълум муовини додраси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва додрасро латукӯб карда, ба бинои додгоҳи вилоят ва мақомоти додситонӣ хисороти назаррас ворид сохтанд. Ҳамин тариқ онҳо норизоии худро аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Кайён Раҳимови 29-сола изҳор доштанд, ки ба куштор айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод.

«Воқеа пас аз эълони ҳукм ба вуқӯъ пайваст. Тахминан соати 15-30 дақиқа шахсони номаълум вориди бинои додгоҳи вилоят гардида, бидуни ҳеҷ асосе муовини додраси вилоят Халил Холиқов, додрас Акбаршо Сафаров ва омӯзгори литсеи техникии ноҳияи Шуғнон Азизулло Муқаддамшоевро латукӯб карданд. Ҳар сеи онҳо ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд», – гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, сипас ин шахсон хисороти зиёд ба утоқҳои кории додрасҳо, асбобу анҷоми коргоҳ ва шишаи тирезаҳо ворид карданд, ки маблағи умумии он 20 ҳазор сомониро ташкил дод. «Бо ин ҳам ором нашуда, гурӯҳи авбошон ба назди бинои додситонии шаҳри Хоруғ рафтанд ва тирезаҳои онро шикастанд, ки ҳаҷми зарар ба 3 ҳазор сомонӣ баробар аст», – иттилоъ дод намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Дар натиҷаи баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ду гумонбар дар ин амалҳо – Эраҷ Садоншоеви 41-сола ва Ҷамшед Шералиеви 26-сола дастгир карда шуда, барои боздошти ашхоси дигари дар ин амал дастдошта тадбирҳо андешида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.