Як зани суғдӣ барои фурӯши фарзанди ноболиғ ба 5 соли зиндон маҳкум гардид

Date:

Хуҷанд. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як зане ба ҷурми фурӯши фарзанди ноболиғаш ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии мазкур Одилҷон Усмонов хабар дод, сокини шаҳри Чкаловск, модари ду фарзанд Татяна Петриченкои 52-сола писари 12-солаи худ Василийро ба ивази 1 ҳазору 800 доллари ИМА ба шаҳрванд К.М. (зан) фурӯхтанӣ будааст. «Т. Петриченко майзада ва ҳаёти бесарусомоне дошта, қаблан доғи судӣ дошт ва ин амалро баҳри ба даст овардани пул содир кард», – гуфт ӯ.

Тавре аз маводи парванда бармеояд, 25-уми феврали соли равон Т. Петриченко Василийро бо забонхат аз мактаб-интернат барои оилаҳои камбизоати шаҳри Чкаловск бо худ гирифта, пас аз се рӯз тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд К.М. вомехӯрад, ки фурӯхтани кӯдакро маҳз бо ӯ маслиҳат карда буд. Ба Василий ин амали худро чунин шарҳ медиҳад, ки ӯро ба тарбияи оилаи хуб медиҳад. Сипас аз К.М. 700 доллари ИМА ва 2700 сомонӣ маблағ гирифта, Василийро ба ӯ месупорад. Дар вохӯрии минбаъда ӯ ваъда медиҳад, ки шаҳодатномаи таваллуди наврасро оварда, маблағи боқимондаи 300 доллари ИМА-ро низ мегирад. Дар ин бора шаҳрванд К.М. ба кормандони милиса хабар медиҳад ва ҳангоми анҷоми муомилот Т. Петриченко боздошт мегардад.

Қундуз Солиева, директори мактаб-интернат барои кӯдакони оилаҳои камбизоати шаҳри Чкаловск мегӯяд, Василий дар синфи шашум таҳсили илм дошта, хеле бачаи аълохону қобилиятнок буд, вале пас аз ин ҳодиса ҳолати рӯҳии ӯ хеле бад шудааст. «Акнун мегӯяд, ки дигар шумову мактаб-интернат оилаи ман ҳастед», – изҳор мекунад омӯзгор.

Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъба оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони ҳукумати вилояти Суғд Аъзам Холмирзоев аз ин қазия огаҳӣ надоштани худро иброз дошта, танҳо аз ҷой доштани чунин ҳодисаҳо изҳори таассуф намуд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...