Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ оид ба маорифи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXIV-уми Шӯрои ҳамкорӣ оид ба маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар ҷараёни кори он беш аз 15 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ба кори ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳор кард, ки Тоҷикистон дар самти ислоҳоти глобалии […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXIV-уми Шӯрои ҳамкорӣ оид ба маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар ҷараёни кори он беш аз 15 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт

Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ба кори ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳор кард, ки Тоҷикистон дар самти ислоҳоти глобалии низоми маориф қадамҳои аввалин гузошта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри наздик шудан бо меъёрҳои таълимотии кишварҳои узви созмон тавсияҳои умумӣ таҳия намояд. «Дар робита ба ин, мо самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла эътирофи ҳуҷҷатҳо, табодули донишҷӯён миёни макотиби олии кишварҳои созмон ва рушди минбаъдаи донишгоҳи шабакавии ИДМ-ро, ки муҳиму саривақтӣ аст, дастгирӣ мекунем», – гуфт вай.

Ба қавли узви Шӯрои ҳамкорӣ оид ба маорифи кишварҳои узви ИДМ, муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов, аксари масоили ба рӯзномаи ҷаласа пешниҳодгардида маъқул шуморида шуда, аммо зимни баррасии масъалаи лоиҳаи дастрасии ҳуқуқи баробари шаҳрвандони кишварҳои узви иттиҳод барои қабул ва таҳсил дар макотиби олии кишварҳои узви ИДМ муовини департаменти ҳамкории байнулмилалии Ваорати маориф ва илми Русия Лариса Ефремова пешниҳод кардааст, ки баррасии ин масъала мавқуф гузошта шавад, зеро он ба коркарди дубора эҳтиёҷ дорад.

Ф. Раҳимов мегӯяд, дарвоқеъ ҳам лоиҳаи мазкур ба бознигарӣ эҳтиёҷ дорад, зеро асноди қонунгузории кишварҳои узви иттиҳод дар соҳаи маориф аз ҳам тафовут доранд ва аз ин рӯ, бо назардошти ҳамаи қонунгузориҳо таҳияи санади ниҳоӣ зарур буда, он ҷиҳати тасдиқ ба ҷаласаи минбаъдаи Шӯро пешниҳод мегардад. «Лоиҳаи мазкур ба шаҳрвандони  ҳамаи кишварҳои узви ИДМ имтиёзоти мусоид баҳри гирифтани маълумот дар қаламрави ИДМ ва иштироки фаъолона дар бозори меҳнати кишварҳои узви иттиҳодро пешбинӣ мекунад», – гуфт ӯ.

Дар ҷаласаи мазкур масоили лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф барои дурнамои миёнамӯҳлат, лоиҳаи Созишнома дар бораи баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҷараёни тахияи барномаи беҳбуди сатҳи тахассусии мутахассисон дар бахши ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи табиат, рафти амалисозии Консепсияи рушди маълумоти калонсолон ва ҷараёни татбиқи марҳилаи аввали (солҳои 2009-2011) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 баррасӣ шуданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаи таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба масоили омодасозии тахассусии муҳоҷирони корӣ бо касбҳои бозоргири кунунӣ низ табодули афкор сурат гирифт.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби кори ҷаласа вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо вазирони маорифи Белорус, Қирғизистон, Арманистон ва Қазоқистон мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.