Дар Душанбе конфронси вазирони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов Конфронси XVIII-уми вазирони маорифи кишварҳои узви ИДМ ба кори худ идома медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни кори ҷаласа аз фаъолияти ҳамкории кишварҳои узв дар давраи сипаригашта натиҷагирӣ шуда, дурнамои рушди […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов Конфронси XVIII-уми вазирони маорифи кишварҳои узви ИДМ ба кори худ идома медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни кори ҷаласа аз фаъолияти ҳамкории кишварҳои узв дар давраи сипаригашта натиҷагирӣ шуда, дурнамои рушди муносибатҳо муайян карда мешаванд.  «Дар конфронс ҳамчунин  масоили таъсиси Донишгоҳи шабакавии ИДМ, ҷараёни омодагӣ ба Анҷумани II-уми омӯзгорон ва кормандони бахши маорифи кишварҳои узви иттиҳод ва фаъолияти созмонҳои заминавии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар бахши маориф баррасӣ мешаванд, – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ,  дар чаҳорҷӯби ҷараёни кори конфронс мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Русия Андрей Фурсенко баргузор шуда, дар он Протоколи таъсиси филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишгоҳи миллии пажӯҳиши технологии Русия дар Душанбе ба имзо мерасад.

Аз Вазорати маориф ҳамчунин хабар доданд, ки пас аз анҷоми кори конфронс таҳти унвони «Омодасозии мутахассисон ва кадрҳои илмии нав дар партави рушди инноватсионии кишварҳо дар масоили метрология, стандартизатсия ва сертификатсия дар кишварҳои ИДМ» баргузории семинар-тренинг дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.