Мусодираи беш аз 15 кило маводи мухаддир дар пойтахт

Date:

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни баргузории як амалиёти муваффақона дар пойтахт миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи ВАЗ-21150, ки ба шаҳрванд Саидалӣ Мирзооев тааллуқ дошт, боздошт шудааст. «Ҳангоми азназаргузаронии халтаи дар дохили автомашина мавҷуда аз он ба миқдори 14 кило маводи сахттаъсири героин ва 1 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...