Мусодираи беш аз 15 кило маводи мухаддир дар пойтахт

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни баргузории як амалиёти муваффақона дар пойтахт миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли ғайриқонунии маводи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни баргузории як амалиёти муваффақона дар пойтахт миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи ВАЗ-21150, ки ба шаҳрванд Саидалӣ Мирзооев тааллуқ дошт, боздошт шудааст. «Ҳангоми азназаргузаронии халтаи дар дохили автомашина мавҷуда аз он ба миқдори 14 кило маводи сахттаъсири героин ва 1 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.