Кӯмаки ғизоии ҳукумати ИМА ба беморхонаи ҷумҳуриявии табобати бемориҳои сил

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз сафири ИМА Кен Гросс, муовини Вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов  ва  роҳбари созмони хайриявии  «Авасто» Фирӯза Абдуллоева ба муштариёни Беморхонаи ҷумҳуриявии табобати бемории  сил дар доираи  барномае, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID)   маблағгузорӣ карда мешавад,  980 кг  хӯрокаи хушки  наску сабзавот тақдим намуданд. Агентии […]

Азия-Плюс

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз сафири ИМА Кен Гросс, муовини Вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов  ва  роҳбари созмони хайриявии  «Авасто» Фирӯза Абдуллоева ба муштариёни Беморхонаи ҷумҳуриявии табобати бемории  сил дар доираи  барномае, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID)   маблағгузорӣ карда мешавад,  980 кг  хӯрокаи хушки  наску сабзавот тақдим намуданд. Агентии мазкур дар ҳамкорӣ бо созмони ғайриҳукуматии «Авасто»  ва созмони амрикоии “Resource and Policy Exchange, Inc.» (RPX) то имрӯз зиёда аз 37 тонна хӯроквории сервитамин барои зиёда аз 22000 нафар  шаҳрвандони  Тоҷикистон дастрас кардааст. 

Тавре аз саофратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни маросими имрӯза Сафир Гросс қайд намуд: «Касалии сил яке аз масъалаҳои муҳими тандурустӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ғизои нокифоя бошад, яке аз омилҳои маъмули хавфи беморшавӣ бо касалии сил аст. Мусаллам аст, ки  беҳтар кардани ғизо  барои беҳтар намудани саломатии ин қабил беморон ва наҷот додани онҳо аз марги бемаҳал таъсири мусбии калон хоҳад расонд.    Истеъмоли микдори зарурии микронутриентҳо дар намуди  витаминҳо ва минералҳо  масунияти сустшудаи  беморони  силро беҳтар мекунад.    

Барномаи «Озуқаворӣ баҳри  сулҳ», ки аз ҷониби   USAID маблағгузорӣ карда мешавад, дар Тоҷикистон то моҳи ноябри соли 2011 барои таъмин намудани  амнияти озуқавории кӯдакони маъюб, беморони касалии сил ва дигар муштариёни  муассисаҳои табобатӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Тавассути ин ёрии башардӯстона, ки 93049 доллари ИМА арзиш дорад, ба   беморони 77 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои махсусгардонидашудаи  Тоҷикистон кӯмак расонида мешавад. Маводи ғизоии мазкур аз сабзавоти хушккардашуда, ки бо витаминҳо ва минералҳо бой гардонида шудаанд,  иборат буда,  дар муассисаҳои зикршуда  барои муштариён тайёр кардани хӯроки гарм истифода мегардад. Дастрас намудану тақсимоти ин маводи хӯрока ва назорати  истифодаи самараноки он ба зиммаи созмони хайриявии  «Авасто» вогузор карда шудааст.  

Ширкати Breedlove Foods, Inc. ин маҷмӯи хӯрокаро аз сабзӣ ва картошкаи хушконидашуда, соя, биринҷ  ва  наски бо витамину  минералҳо бойгардонидашуда истеҳсол мекунад. 

 Созмони ғайриҳукуматии хайриявии «Авасто», ки онро як  тоҷикзани фаъол  сарварӣ мекунад, барои беҳтар кардани вазъи саломатии занон ва насли ҷавон, ҳифзи саломатии кӯдаку модар, ва дастгирии табақаҳои камбизоати  аҳолӣ,  ба хусус оилаҳои серфарзанд, занони камхун ва кӯдакони маъюб, ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо фаъолият мекунад.   

 Мақсаду мароми асосии ширкати RPX ин беҳтар кардани меъёрҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дастрасии иттилоот бо роҳи дастгирии созмонҳои байналмилалии ғайритиҷоратӣ, аз қабили  кӯмак  бо  озуқаворӣ  ва маводи доруворӣ мебошад.  

 Лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои сершумори ёрирасони Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) мебошад.  Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тахминан 984 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.