Кӯмаки JICA ба Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз, 20 июни соли 2011, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими табодули ёддоштҳо оид ба Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония доир ба лоиҳаи сармояи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯби Кӯмакҳои бебозгашти Япония барпо шуд. Дар маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон […]

Азия-Плюс

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз, 20 июни соли 2011, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими табодули ёддоштҳо оид ба Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония доир ба лоиҳаи сармояи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯби Кӯмакҳои бебозгашти Япония барпо шуд. Дар маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма иштирок намуданд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар анҷоми маросими табодули ёддоштҳо инчунин Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) тибқи лоиҳаи дар боло зикргардида ба имзо расид. Ба ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ, аз ҷониби Япония – Роҳбари Намояндагии JICA Ҷиро Иида имзо гузоштанд.

 Барномаи сармояи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба омодасозии кадрҳо барои ташаккули асоси ҳуқуқӣ дар соҳаи иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ ниёзи зиёд доранд, нигаронида шудааст. Ин лоиҳа барои 4 сол пешбинӣ шуда, аз соли 2009 шурӯъ гардид. Барнома ба кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди захираҳои инсонӣ мусоидат намуда, ба хизматчиёни ҷавони давлатӣ имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро дар соҳаи дахлдор такмил диҳанд.

 Имсол Ҳукумати Япония барои амалӣ намудани Лоиҳа маблағи умумии 105.000.000 йени япониро (тақрибан 1.3 миллион доллари ШМА) ҷудо намуд. Номзадҳо аз шумули кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегарданд. Дар анҷоми таҳсил дар Япония донишҷӯён соҳиби унвони илмии магистр дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисод мегарданд. Ҳар сол то 5 нафар коромӯзи тоҷик имкон доранд, ки дар Донишгоҳи байналмилалии Япония ва Донишгоҳи Осиё-Уқёнуси Ороми Ритсумейкан таҳсил намоянд.

 Қобили зикр аст, ки дар давраи аз соли 2009 дар Барнома 4 корманди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд, ки ҳоло бомуваффақият дар Япония таҳсил мекунанд.

 Ҳукумати Япония аз соли 1993 то 2009 зиёда аз 15.3 миллиард йени японӣ ё баробар ба қариб 184 миллион доллари ШМА маблағ ҷудо намудааст, ки онҳо дар шакли кӯмакҳои бебозгашт ва техникӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин рушди имконоти захоири инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.