Вазирони маорифи кишварҳои узви ИДМ дар ҳузури сарвари давлат

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро, ки дар шаҳри Душанбе барои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони маорифи кишварҳои аъзои ин созмон ба ҳам омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои […]

Азия-Плюс

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — |


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро, ки дар шаҳри Душанбе барои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони маорифи кишварҳои аъзои ин созмон ба ҳам омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Э. Раҳмон маорифро ососи пешрафту тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа номида, ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба рушди равобити судманд бо кишварҳои фазои пасошӯравӣ дар ин ва дигар самтҳо таъкид намуд.

Зимни сӯҳбат ҳавасмандии кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, табодули омӯзгорону донишҷӯён, тадқиқоти муштараки илмию техникӣ ва омода сохтани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯй таъкид гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.