Раиси пойтахт ба журналистон изҳори миннатдорӣ баён кард

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки мақомоти дахлдор ҷаласаи шаҳрдорӣ баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, М. Убайдуллоев бо таваҷҷӯҳ ба масоили таъмини сокинон ва меҳмонони пойтахт бо хизматгузории хушсифат дар ҳамаи бахшҳо таъкид бар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки мақомоти дахлдор ҷаласаи шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, М. Убайдуллоев бо таваҷҷӯҳ ба масоили таъмини сокинон ва меҳмонони пойтахт бо хизматгузории хушсифат дар ҳамаи бахшҳо таъкид бар он дошт, ки дар ин самт бори масъулият қабл аз ҳама ба субъектҳои хоҷагидорӣ вогузор буда, ба назорати хуби ҷамъиятӣ вобаста аст.

«Дар ҳамин ҳол, раиси пойтахт ба журналистон барои мусоидату кӯмак ба ситоди шаҳрии назорат аз болои фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ баён дошта, иброз намуд, ки идомаи минбаъдаи чунин ҳамкорӣ ҳамаҷониба судманд аст», – гуфт вай.

Ба қавли мавсуф, раиси пойтахт ҳамчунин гуфтааст, барои таъмини шаффофияти барномаҳои дар ҳоли татбиқ қарордошта ва таҳияи ҳисоботҳои маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебояд баҳри санҷиши пешакии онҳо намояндагони ВАО-ро ҷалб намуд. «Дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба таъмини фаровонии бозорҳо бо маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалия низ баррасӣ шуд», – афзуд Ш.Саидов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.