Вохӯрии диломати тоҷик бо вазири корҳои дохилии Покистон

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири корҳои дохилии Покистон Раҳмон Малик доир гардид.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.  Раҳмон Малик иброз […]

Азия-Плюс

Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири корҳои дохилии Покистон Раҳмон Малик доир гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Раҳмон Малик иброз дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо густариш меёбанд. Вай мулоқоти Президентҳои Тоҷикистон ва Покистонро, ки дар Остона баргузор гардидааст, муҳим ва пурсамар арзёбӣ намуд. Р. Малик таъкид сохт, ки роҳбарияти Покистон ба инкишофи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи энергетика таваҷҷӯҳи зиёд дорад.

 Дар сӯҳбат инчунин ҳамкориҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.