Cадамаи нақлиёт дар ВМКБ: 10 осебдида

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс»  — Дар километри 518-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ як садамаи нақлиёти фоҷеабор рух дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ Нигора Солиева хабар дод, субҳи дирӯз, 20-уми июн, дар қаламрави ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари сангфароӣ автомашинаи тамғаи «Хонда Галлопер» ба рӯдхонаи Панҷ сарозер […]

Валентина Кондрашова

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс»  — Дар километри 518-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ як садамаи нақлиёти фоҷеабор рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ Нигора Солиева хабар дод, субҳи дирӯз, 20-уми июн, дар қаламрави ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари сангфароӣ автомашинаи тамғаи «Хонда Галлопер» ба рӯдхонаи Панҷ сарозер рафта, дар натиҷа се нафар мусофирон – Имумдод Улфакови 15-сола, Мадина Булбулшоеваи 6-сола ва сокини Душанбе Раҳимҷон мамадови 54-сола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона мунтақил дода мешаванд. «Давоми рӯз ҷасади сокини 53-солаи пойтахт Хадича Ямакова дарёфт гардида, то ҳанӯз 6 нафар мусофирони дигар бедараканд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, миёни бедаракшудагон ронандаи автомашина Маъқулшо Насриддинови 51-сола, духтари ӯ – Санквия Насриддинови 21-сола, сокини шаҳри Хоруғ Нигина Достамбуеваи 59-сола, сокини пойтахт – Мадина Иноятшоеваи 49-сола, Неъмат Булбулшоеви 80-сола ва сокини 59-солаи ноҳияи Роштқалъа Қиматгул Шоназарбекова ҳузур доранд.

Зимнан зикр гардид, ки то ҳанӯз дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.