Узвияти 55 додраси ҷавон ба сохтори додгоҳии ҷумҳурӣ

Date:

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба узвияти сохтори додгоҳии Тоҷикистон 55 додраси ҷавон пазируфта шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати додгоҳии дастгоҳи Шӯрои адлияи Тоҷикистон Абдухалил Раҷабов хабар дод, субҳи имрӯз додрасҳои ҷавони таъиншуда дар назди президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳри садоқат ба мардум, Қонун ва адолат савганд ёд карда, сипас бо Конститутсия қасам ёд карданд, ки вазифаҳои мансабии худро дар Додгоҳи Олӣ ва Шӯрои адлия софдилона ба иҷро хоҳанд расонид.

А.Раҷабов таъкид сохт, ки соли гузашта ба вазифаи додрас 133 номзад довталабӣ карда буданд, вале танҳо 55 нафар, ки дар заминаи Шӯрои адлия дар вазифаи таҷрибаомӯзи додрасҳо фаъолият доштанд, мувавафақона аз имтиҳон гузаштаанд. «Номзадҳо ба вазифаи додрас бояд маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 2 сол таҷрибаи корӣ дошта, синнусолашон аз 24-сола поин набошад», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, ҳамин тариқ феълан сохтори додгоҳии Тоҷикистон ҳудуди 350 додраси амалкунандаро дарбар мегирад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон президенти Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти додгоҳӣ-ҳуқуқиро тасдиқ кард. Ҳадаф аз таҳияи барномаи мазкур – таҳкими минбаъдаи ҳокимияти додгоҳӣ, беҳбуди нақши додгоҳ дар дифоъи ҳамаҷониба аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои қонунии давлат, муассисаву ташкилот ва корхонаҳо, такмили низоми додгоҳӣ ва фаъолияти он, беҳбуди вазъи моддиву ҳуқуқии мақомоти додгоҳ ва додрасҳо ва ҳамчунин такмили қонунгузорӣ аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...