Узвияти 55 додраси ҷавон ба сохтори додгоҳии ҷумҳурӣ

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба узвияти сохтори додгоҳии Тоҷикистон 55 додраси ҷавон пазируфта шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати додгоҳии дастгоҳи Шӯрои адлияи Тоҷикистон Абдухалил Раҷабов хабар дод, субҳи имрӯз додрасҳои ҷавони таъиншуда дар назди президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳри садоқат ба мардум, Қонун ва адолат савганд ёд карда, сипас бо Конститутсия […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба узвияти сохтори додгоҳии Тоҷикистон 55 додраси ҷавон пазируфта шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати додгоҳии дастгоҳи Шӯрои адлияи Тоҷикистон Абдухалил Раҷабов хабар дод, субҳи имрӯз додрасҳои ҷавони таъиншуда дар назди президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳри садоқат ба мардум, Қонун ва адолат савганд ёд карда, сипас бо Конститутсия қасам ёд карданд, ки вазифаҳои мансабии худро дар Додгоҳи Олӣ ва Шӯрои адлия софдилона ба иҷро хоҳанд расонид.

А.Раҷабов таъкид сохт, ки соли гузашта ба вазифаи додрас 133 номзад довталабӣ карда буданд, вале танҳо 55 нафар, ки дар заминаи Шӯрои адлия дар вазифаи таҷрибаомӯзи додрасҳо фаъолият доштанд, мувавафақона аз имтиҳон гузаштаанд. «Номзадҳо ба вазифаи додрас бояд маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 2 сол таҷрибаи корӣ дошта, синнусолашон аз 24-сола поин набошад», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, ҳамин тариқ феълан сохтори додгоҳии Тоҷикистон ҳудуди 350 додраси амалкунандаро дарбар мегирад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон президенти Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти додгоҳӣ-ҳуқуқиро тасдиқ кард. Ҳадаф аз таҳияи барномаи мазкур – таҳкими минбаъдаи ҳокимияти додгоҳӣ, беҳбуди нақши додгоҳ дар дифоъи ҳамаҷониба аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои қонунии давлат, муассисаву ташкилот ва корхонаҳо, такмили низоми додгоҳӣ ва фаъолияти он, беҳбуди вазъи моддиву ҳуқуқии мақомоти додгоҳ ва додрасҳо ва ҳамчунин такмили қонунгузорӣ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.