ВМКБ: Қатъи парвандаи ҷиноӣ бобати гумонбарии узви ҲХДТ ба сохтакории аснод

Хоруғ. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — Додситонии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасии парвандаи ҷиноӣ бобати гумонбарии Ҳокимшо Мирзошоев ба сохтакории аснодро қатъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» додситони ноҳияи Рӯшон Нафасбек Дилшодов хабар дод, далелҳои сохтакории асноди маъракаи интихоботӣ аз ҷониби гумонбаршуда исботи худро ёфтанд, вале бо назардошти «ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда», […]

Умеди Муҳаммадпаноҳ

Хоруғ. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — Додситонии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасии парвандаи ҷиноӣ бобати гумонбарии Ҳокимшо Мирзошоев ба сохтакории аснодро қатъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» додситони ноҳияи Рӯшон Нафасбек Дилшодов хабар дод, далелҳои сохтакории асноди маъракаи интихоботӣ аз ҷониби гумонбаршуда исботи худро ёфтанд, вале бо назардошти «ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда», баррасии парванда қатъ гардидааст.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Ҳокимшо Мирзошоев, ки вазифаи раисии ҳавзаи интихоботии ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯшонро ба ӯҳда дошт, бо даъвои ягона номзад аз ин ҳавза Худоназар Мирзоҳаётов боз карда шуд. Х.Мирзоҳаётов дар маъракаи интихоботии гузашта камтар аз 50%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки даъвогару ҷавобгар – ҳарду корманди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон буда, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд. Ба ақидаи коршиносон, маҳз ҳамин омил, яъне узвияти ҳарду ба ҲХДТ боиси он шудааст, ки баррасии парвандаи ҷиноӣ қатъ карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.