Қабули қонун дар бораи суғуртаи пасандозҳои шаҳрвандон

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеъӣ»-ро маъқул шумориданд. Зимни суханронии худ дар иҷлосия раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки мутобиқи қонуни мазкур дар кишвар Хазина (Фонд)-и пасандозҳо таъсис […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеъӣ»-ро маъқул шумориданд.

Зимни суханронии худ дар иҷлосия раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки мутобиқи қонуни мазкур дар кишвар Хазина (Фонд)-и пасандозҳо таъсис дода шуда, тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ҳатман ба он аъзо ва ба андозаи 0,5% аз ҳаҷми умумии сармояи оинномавӣ ҳаққи аъзогӣ пардохт хоҳанд кард. «Ҳадафи аслии таъсиси хазина ҳифзи пасандозҳои аҳолӣ аз ҳама гуна хатарҳо буда, Хазина метавонад аз хукумати кишвар низ қарз дастрас намояд», – гуфт ӯ.

Вакили парлумон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков гуфт, яке аз ҳадафҳои қабули қонуни мазкур ҷалби пасандозҳои шахсони воқеъӣ ба рушди иқтисоди миллӣ аст.

Бо такя ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, И.Талбаков иброз дошт, ки феълан ҳаҷми умумии пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳову дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ҳудуди 1,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад ва қонуни мазкур онҳоро аз беқурбшавӣ муҳофизат карда, пардохти фоизҳои онҳоро кафолат медиҳад.

Номбурда мӯътақид аст, ки пас аз аз қабули қонуни мазкур эътимоди мардум ба бонкҳо афзуда, он ҳамчунин ба интиқоли пасандозҳои шаҳрвандон аз бонкҳои хориҷи кишвар ба бонкҳои ватанӣ мусоидат хоҳад намуд.

Баъди анҷоми кори иҷлосия Исмоил Талбаков дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз дошт, ки тибқи маълумоти тасдиқнашуда, айни замон ҳаҷми пасандозҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷӣ аз 1,5 то 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки низоми бонкии кунунии Тоҷикистон аз 138 ташкилоти қарздиҳӣ, аз ҷумла 14 бонкҳову 124 ташкилотҳои ғайрибонкӣ иборат аст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.