Сармураббии «Равшан»: Ба фикрам, онҳо мухлисони кӯлобӣ набуданд

Date:

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | «Ба назарам, онҳо мухисони кӯлобии «Равшан» набуданд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармураббии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Маъруф Рустамов.

«Вохӯрӣ оромона сурат гирифта, пас аз анҷоми он футболбозон озими Кӯлоб шуданд ва чанде аз мухлисон ҳам ба мо занг зада гуфтанд, ки ба Кӯлоб равонаанд. Намедонам, кӣ ба ин корҳо даст зада бошад», – изҳор дошт номбурда.

Ба қавли М.Рустамов, пас аз бетартибиҳои рухдода баъди вохӯрӣ бо дастаи «Истиқлол» аксари мухлисон боздошт шуда, мақомоти раҳбарии даста бо онҳо сӯҳбатҳо доир намудааст. «Ҳамаи ин бар зарари даста аст, зеро акнун мо 5 бозиро дар майдонҳои бегона мегузаронем, ки албатта, ба рӯҳияи футболбозон бетаъсир буда наметавонад», – афзуд сармураббии даста.

Дар шарҳи беназмиҳои рухдода пас аз анҷоми вохӯрии дастаҳои «ССКА-Помир» ва «Равшан» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов чунин ибрози андеша намуд: «Тавре ба мо маълум аст, бозии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Политехникум» бидуни бетартибӣ доир шуд. Намояндагони Федератсияи футбол ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри таъмини тартибот дар варзишгоҳ тамоми чораҳоро андешиданд. Он чӣ, ки берун аз варзишгоҳ ба вуқӯъ пайваст, ба слоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст».

Ш.Давлатов ҳамчунин гуфт, минбаъд низ Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳри таъмини амният дар варзишгоҳҳо аз тамоми тадбиру чораҳо кор хоҳад гирифт, вале ҳалли мушкилоти мазкур бештар ба худи дастаҳо вобаста аст. «Дастаҳо бояд миёни мухлисони худ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд», – афзуд ӯ. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...