Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Коршинос оид ба масоили амният Султон Ҳамадов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба масъалаи ҳодисаҳои беназмиҳо пас аз вохӯриҳои дастаҳои футбол дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе изҳор кард, ки дар паси ин бетартибиҳо нерӯҳои мушаххасе қарор доранд.
«Кадом нерӯҳое шояд дар дохил ё хориҷи кишвар нияти муташшаниҷ намудани вазъро доранд ва ин ваҷҳест, ки бояд натанҳо рохбарони мақомоти қудратӣ, балки ҳукумати Тоҷикистонро низ ба андеша водор намояд. Умедворам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ базудӣ вазъро таҳлил намуда, хулосаҳои зарурӣ ҳосил мекунанд», – гуфт ӯ.
Ба ақидаи С.Ҳамадов, дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин соларди истиқлолияти кишвар баргузории чорабиниҳои гуногуни оммавӣ дар назар аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки баҳри пешгирии ҳодисаҳои ба ин монанд чораҳои таъмини амниятро пурзӯр созанд.
Дар навбати худ, роҳбари маркази таҳлилии «Контент» Зафар Абдуллоев бар ин назар аст, ки ба омодагии мақомот ҷиҳати пешгирии бетартибиҳо ё задухӯрдҳои оммавӣ танҳо зимни ба вуқӯъ пайвастани чунин вазъ баҳо мумукин аст, зеро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ чунин ҳодисаҳои миқёсан бузург дар кишвар рух надодааст. «Ман фикр мекунам, ки бо истифода аз идоракунии пухтаву моҳирона мақомоти милиса ба таъмини амният дар бозиҳои футбол ва консертҳои бузург қодиранд, ба ҳар ҳол, то ҳанӯз ин ба онҳо муяссар мегардад», – мегӯяд ӯ.
З.Абдуллоев мӯътақид аст, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ натанҳо вазифаи ҳукумат, балки кори худи ҷомеа низ мебошад ва аз ин рӯ, ниҳодҳои шаҳрвандии худмуҳофизатӣ ва мусоидат ба милиса зимни бетартибихои оммавиро мебояд таъсис дод, ки бояд яке аз таркибҳои мудофиаи шаҳрвандӣ бошанд. «Вале ман ҳанӯз дар робита ба ин чизеро мушоҳида накардаам ва фикр мекунам, ки мақомоти раҳбарии ВКД-ро мебояд дар ин хусус ҳамаҷониба андеша ронанд, зеро минбаъд чунин вазъҳоро танҳо бо як нерӯи ҳайати шахсӣ ва ҳатто муҷаҳҳаз бо воситаҳои махсус наметавон ҳал кард», – иброз дошт З.Абдуллоев.
Ба қавли мавсуф, тақвияти фаъолияти таҳлилӣ ва агентӣ оид ба решакан сохтани тундгароии наврасон, ошкор сохтани пешвоёни ғайрирасмии онҳо ва ҳамоҳангсозии кор бо Федератсияи футбол ва дастаҳо зарур аст, зеро дастаҳо низ ба бетартибиҳои содирнамуда аз ҷониби мухлисонашон бояд ҷавобгӯ бошанд. «Ба комилан нест шудани таассубу тундгароӣ ва задухӯрдҳои ҷавонон зимни чорабиниҳои оммавӣ касе кафолат дода наметавонад», – афзуд З.Абдуллоев.


